Май 29, 2017 13:42 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба ПАҲПОД (тафсир)

Русия қасд дорад пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро то охири имсол ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин муҷаҳҳаз кунад.

Ин мавзӯе аст, ки расонаҳои маҳаллии Русия ба нақл аз Владимир Заруднитский, фармондеҳи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия баён кардаанд.

Ба гуфтаи Заруднитский, ин пойгоҳ ҳамчунин маҷмӯае аз силоҳҳои рӯзи маъруф ба “Элерон” ва “Орланд”, ҳамроҳ бо системаи партоби мушакҳои мавсум ба “Ураган” дарёфт кардааст.

Ин мақоми низомии рус аммо аз теъдоди дақиқи истиқрори ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини рус дар пойгоҳи 201 –и артиши ин кишвар дар Тоҷикистон сухане ба миён наёвард. Аммо таҳлилгарон паёми ин изҳори назари афсари аршади Русияро идомаи ҳузури тӯлонии ин кишвар дар Тоҷикистон ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон кардаанд.

Ҳузури тӯлонимуддати Русия дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ниёзманди истиқрори паҳподҳои русӣ нест, балки Маскаву Душанбе дар соли 2014 пеш аз поёни тавофуқномаи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон тавофуқномаи дигаре имзо карданд, ки тибқи он ҳузури нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон ба муддати 30 сол тамдид шуду нерӯҳои низомии рус иҷоза ёфтанд тайи ҳамаи ин муддат ва то соли 2042 аз ин пойгоҳи Тоҷикистон истифода кунанд. Ба ин хотир низ метавон гуфт, ҳамон далоиле, ки сабаби тамдиди сисолаи идомаи ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон шуд, ҳамон далоили сабаби тавофуқи тарафайн барои истиқрори паҳподҳои русӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ шудааст.

Ба иборати дигар, дар ин муддат имзои қарордоди стратегии байни Афғонистон ва амрико ва нигаронии Русия аз барҳам хӯрдани тавозуни стратегии минтақаӣ сабаби имзои тавофуқномаи тамдиди ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикстон шуд. Вазъияте, ки албата Маскав дар пӯшиши муҳофизат аз марзҳои Тоҷикистон ва ё ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, андешаи ифротгароӣ ва Толибон тавҷеҳ кард.

Дар ин миён аммо талоши НАТО барои ҳузур дар минтақа бетаъсир бар имзои тн тавофуқнома набуд.

Нигоҳи Тоҷикистон ба тавофуқи тамдиди ҳузури низомии русҳо дар пойгоҳи низомии 201 аммо нигоҳе иқтисодӣ буд. Зеро ки ин тавофуқ тазмине барои идомаи ҳузури нерӯи кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия муаррифӣ шуд ва дар айни ҳол дарбаргирандаи бархе кӯмакҳои молии Маскав ба Душанбе низ буд. Ба иловаи ин ки аз назари мақомоти тоҷик бо имзои ин қарордод Тоҷикистон тавонист аз пуштибонии Русия ба унвони қудрате минтақаӣ ва байналмилалӣ дар муодилоти ҷаҳонӣ баҳраманд шавад.

Аз ин рӯ дар шароити ҷорӣ истиқрори паҳподҳои Русия дар пойгоҳи 201-и низомиёни руси мустақар дар Тоҷикистон на фақат хориҷ аз муодилоту мулоҳизоти амниятӣ, низомӣ ва иқтисодии Русияву Тоҷикистон нест, балки таҷҳизи низомиёни рус дар Тоҷикистон бахше аз ин тавофуқ аст.

 Бинобар ин он чӣ Маскавро ба истиқрори паҳпод дар Тоҷикистон тарғиб кардааст, сайри таҳаввулоти минтақаӣ ва аз ҳама муҳимтар моҷароҷӯии сиёсии Амрико дар ҷанубу шарқи Осиё ва низ идомаи ноамниҳои Афғонистон дар шаклҳои ҷадиди худ аст, ки таҳрику таҳарруки ДИИШ дар Афғонистон ва ошкор шудани бархе сафбандиҳои сиёсӣ дар мавзӯи ҳалли буҳрони Афғонистон, дар канори вахомати авзои сиёсӣ ва амниятӣ дар шарқи Осиё бахше аз он аст. Вазъияте ки сабаби тақвияти буняи низомии артиши Русия дар пойгоҳҳои ин кишвар ва дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон шудааст.

 

Барчасп