Май 30, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Парванда алайҳи адвокат Хосият Ёрова ва Ҷамшед Ёров

Тибқи иттилои Хосият Ёрова, мақомоти Тоҷикистон нисбати ӯ ва бародараш Ҷамшед Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба иттилои сайти “Варорӯд”, мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Душанбе хоҳари калонии онҳо Нилуфар Ёрова ва ҳамсарони Ҷамшеду Бузургмеҳр — Дилбар Зуҳурова ва Зарина Набиеваро аз хонаҳояшон ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил бурда мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Суолҳои мақомот, чуноне ки худи Хосият Ёрова ба “Варорӯд” иттилоъ дод, асосан аз уву Ҷамшед, аниқтараш аз иштироки онҳо дар ҳамоиши бахшида ба зодрӯзи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ — бунёдгузори ҲНИТ будааст. Аз ҳар се ин занони узви хонаводаи Ёровҳо баёнот гирифта шудааст.

Тибқи иттилое, ки аз мақомоти вазорати корҳои дохила дастрас шудааст, нисбати Ҷамшед бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ — 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) ва 189 (экстремизм) ва нисбати Хосият бо як модда — 307 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Далеле ҳам, ки пешниҳод шудааст, акси Хосият аз ҳамоиши зикршуда ва навиштаҳои Ҷамшед дар шабакаи иҷтимоии фейсбук будааст.

Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ба хоҳар ва завҷаи Ҷамшеду Бузургмеҳр гуфтаанд, Ҷамшеду Хосиятро насиҳат кунанд, то шабакаҳои иҷтимоӣ нанависанд, ки дар акси ҳол, онҳоро боз даъват хоҳанд кард.

Хосият ва Ҷамшед Ёровҳо баъди ҳабси тӯлонии бародарашон Бузургмеҳр Ёров ва таҳдиди ҳабси худашон, ба Аврупо паноҳ бурдаанд.

 

Барчасп