Май 31, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди мубориза бо духониёт дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои ташдиди мубориза бо масрафи духониёт (сигор ва тамоку) дар ин кишвар қонуни “Маҳдудияти истифода дар духониёт”-ро ислоҳ мекунад.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Сайидҷон Давлатов, ҳамоҳангсози барномаи миллии мубориза бо духониёт дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳамоиши Рӯзи байналмилалии мубориза бо духониёт дар Душанбе гуфтааст, ки дар ислоҳи ин қонун, масрафи духониёт дар идороти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, маконҳои умумӣ, марокизи варзишӣ ва фарҳангӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, мадорис ва донишгоҳҳо, расторанҳо ва қаҳвахонаҳо, фурудгоҳҳо ва тарминалҳо, меҳмонсароҳо ва хобгоҳҳо ба ғайр аз маконҳои вижа кашидани сигор мамнуъ хоҳад шуд.

 Давлатов ҳамчунин аз мамнуияти фурӯши сигор ба афроди зери 18 сол хабар дод ва афзуд, тавлиди барномаҳо ва филмҳои мустанади радиоӣ ва телевизионӣ бо ҳадафи ошноии мардум бо зиёнҳои масрафи духониёт ва таҳияи паёмҳои вижа дар бораи зарарҳои сигор дар дастури кор қарор мегирад.

Бар асоси ислоҳияи қонуни ҷадиди ташдиди мубориза бо масрафи духониёт дар Тоҷикистон ҳар хел таблиғоти расонаӣ дар мавриди сигор дар ин кишвар мамнуъ ва бо қонуншиканҳо дар ин замина бархурд хоҳад шуд.

Ҳамоҳангсози барномаи миллии мубориза бо духониёт дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, бар асоси омори ин вазоратхона 500 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон духониёт масраф мекунанд, ки 78 дарсади онон мард, 10 дарсад зан ва 12 дар сад навҷавонон ҳастанд.

 Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик 39 дарсад аз бемориҳои дилу рагҳо (қалбу уруқ), 7 дарсади саратонҳо ва 3 дарсади бемориҳои танаффусӣ аз ҳисоби масрафи духониёт аст.

 

Барчасп