Июн 01, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Кумитаи мустақили гардишгарӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тарҳи ҳукумати ин кишвар дар бораи таъсиси Кумитаи мустақили гардишгарӣ мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, бо тасвиби қонуни ҷадиди “Гардишгарии дохилӣ” дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон заминаи мустақил шудани ниҳоди масъули гардишгарӣ аз Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фароҳам шуд.

Ба гуфтаи Ризо Назарзода, муовини аввали Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон акнун бо мустақил шудани ниҳоди гардишгарӣ дар ин кишвар, барномаи ҷазби солона як миллион ҷаҳонгарди хориҷӣ то соли 2020 барои боздид аз ҷозибаҳои гардишгарии торихӣ, бостонӣ ва табиии ин ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки бар асоси ин барнома то соли 2020 омӯзиши 10 ҳазор нафар барои хадамот дар бахши гардишгарӣ дар Тоҷикистон дар назар аст.

Аз сӯйи дигар, бо ворид кардани ислоҳия ба қонуни ҷадиди “Гардишгарии дохилӣ” дар Тоҷикистон ширкатҳои гардишгарӣ аз пардохти молиёт дар панҷ соли нахусти фаъолияти хеш озод мешаванд.

Ҳамчунин озодӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоту васоили мавриди ниёзи бахши гардишгарии Тоҷикистон ба унвони иқдоми ташвиқӣ барои ҷазби гардишгарон ба ин кишвар пешбинӣ шудааст.

 Чанде пеш Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод эълом кард, Тоҷикистон аз нигоҳи суръати рушди ҷазби гардишгарони хориҷӣ бо беш аз панҷ дарсади рушд дар соли 2016, ҷойгоҳи хешро аз рутбаи 119 дар соли 2015 ба 107 дар соли гузашта беҳбуд бахшидааст.

Бар асоси ин гузориш дар соли 2016 наздик ба 413 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлат беш аз 40 миллион доллар даромад ворез шудааст.

 

Барчасп