Июн 01, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати соҳибкорони Туркманистон ба Тоҷикистон меоянд

Соҳибкорони Туркманистон барои ошноӣ бо фазои иқтисодӣ ва тарҳҳои сармоягузории Тоҷикистон ба ин кишвар меоянд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар дидори Фаррух Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо Александр Додоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони Туркманистон, тарафи туркманӣ эълом кард барои ошноӣ бо фазои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар пружаҳои тавлидӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар хоҳанд кард.

Дар ин дидор ду тараф масоили иқтисодӣ-тиҷорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар бахши санъати нассоҷӣ, тавлиди маводи ғизоӣ ва истихроҷи маодинро низ баррасӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, соҳибкорони Туркманистон ҳамчунин хостори ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дар бахшҳои кишоварзӣ, фароварии маҳсулоти нафтӣ, ширкат дар пружаҳои сохти хонаву маконҳои тафреҳӣ ва бунёди корхонаҳои тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ шуданд.

Тарафҳо дар мавриди барпоии анҷумани касбу кори муштарак бо ширкати соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон низ ба тавофуқ расиданд.

Тибқи итилои равобити умумии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон қарор аст ҳайати соҳибкорони туркманӣ рӯзи 12 –уми июн вориди шаҳри Душанбе шаванд.

Ҳамчунин бино ба итилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ҳадафи таҳкими равобити фарҳангӣ байни ин ду кишвар аз 12 то 17-уми июн дар Туркманистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

Барчасп