Таъвиқи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон
Июн 01, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, баргузории рӯзҳои фарҳангии кишвараш дар Туркманистон ба таъвиқ афтодааст.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, қарор аст, рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, аз 12 то 17 июн баргузор шавад.
Дар чорчӯби баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон барномаҳои мухталифи мусиқӣ, намоишгоҳи зебоиҳои Тоҷикистон, либосҳои миллӣ ва филмҳои тоҷикӣ иҷро хоҳад шуд.
Ҳамчунин ҳамзамон дар шаҳри Ашқобод- пойтахти Туркманистон ва дигар манотиқи ин кишвар сурудҳои классик, рақсҳои маҳаллӣ ва барномаҳои мусиқии тоҷикӣ ва туркаманӣ барои шаҳрвандони Туркманистон барпо хоҳад шуд.
Барчасп