Июн 01, 2017 20:09 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон -раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми июн дар ҳукме, масъулони додситонии ҳафт шаҳру ноҳияро дар Тоҷикистон, аз мақоми худ барканор кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни барканории масъулони додситонии ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб бо судури фармоне, мудирони ҷадиди ин додситониҳоро мансуб кард.

Ҳамчунин муовини додситони шаҳри душанбе, масъули раёсати кадрӣ ва раиси шӯъбаи назорат бар қонунгузории молиёти додситони кулли Тоҷикистон ва додситонии ҳамлу нақли вилояти Суғд тағйир карданд.

То кунун номи додситонҳои барканор шуда ва иллати ин тағйирот эълом нашудааст.

Дафтари матбуоти раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо мувофиқати раисиҷумҳурӣ ҳамчунин имрӯз теъдоде аз масъулони ҷадид Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар низ таъйин шуданд.