Дарёфти рӯзона 90 ҳазор паём аз террористҳо дар Осиёи Марказӣ
Як намояндаи порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳар рӯз 90 ҳазор паёми интернетӣ аз террористҳо дарёфт мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Ҷӯрахон Маҷидзода, намояндаи порлумони Тоҷикистон дар суханоне дар саҳни маҷлис афзуд, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ин паёмҳоро барои ҷалби шаҳрвандони ин минтақа аз тариқи сайтҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол мекунанд.
Ба гуфтаи Маҷидзода ҳамакнун беш аз 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранду 80 дарсади онон нохоста аз сайтҳои мутааллиқ ба созмонҳои террористӣ ва ифротӣ боздид мекунанд.
Ин намояндаи маҷлиси Тоҷикистон хостори ислоҳот дар қонун шуд то бар асоси он мақомоти амниятӣ ва интизомӣ ҳаққи касби иттилоот дар бораи ин афродро дошта бошанд.
Аз сӯйи дигар, раиси бунёди “Ибтикороти маданӣ дар сиёсати интернетӣ” дар Тоҷикистон суханони Ҷӯрахон Маҷидзода, намояндаи порлумони Тоҷикистон дар бораи рӯёрӯии беш аз 80 дарсад аз корбарони интернет дар ин кишвар бо муҳтавои террористиро “муболиғаомез ва сӯитафоҳум” хонда аст.
Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Ибодуллоев мумкин аст камтар аз 5 дарсад аз корбарони интернет дар Тоҷикистон иттилоотеро дарёфт кунанд, ки муҳтавои террористиву ифротӣ дошта бошад.
Раиси бунёди “Ибтикороти маданӣ дар сиёсати интернетӣ” афзуд, ин сӯитафоҳум ба эҳтимоли зиёд аз он ҷо баромадааст, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан дар мавриди ҷазби афрод ба гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи интернет ибрози нигаронӣ ва эълом карда буданд, ки беш аз 80 дарсад аз ҷавононе ки дар суфуфи ДИИШ қарор доранд, аз ин роҳ фирефтаи афкори ин гурӯҳ шудаанд.
Ибодуллоев гуфт, тибқи оморҳо бештари ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар даврони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ ҷазб шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Однокласники”-ро ба густариши идеяҳои ифротӣ ва террористӣ муттаҳам ва барои ташдиди назорат бар интернет иқдом кардаанд.