Июн 11, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии ДИИШ барои нуфуз ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт: Аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз ҷануб ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд, маъмурият доранд, ки ба кишварҳои ҳамсоя нуфуз кунанд.

Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо “Озодагон” бо ишора ба вуҷуди аъзои ғайриафғон дар гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон афзуд: Афроде аз атбои тоҷик, узбак, туркман, қирғиз, чинӣ ва уйғур дар ин гурӯҳи террористӣ ҳузур доранд .

Ба гуфтаи Залмай Юнусӣ, иттилооти дақиқе вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, ДИИШ дар Афғонистон бар асоси тарҳии байналмилалӣ шакл гирифта, ки ноором кардани кишварҳои перомуни Афғонистон аз аҳдофи он аст .

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон афзуд: Мардуму давлати Афғонистон бо террористҳое аз 27 то 30 кишвари ҷаҳон дар қолаби Алқоида, Толибон ва ДИИШ дар ҳоли набард ҳастанд, ки ин амр монеи барқарории суботу рушд дар Афғонистон шудааст .

Юнусӣ ҳамчунин бо ишора ба бархе хабарҳо дар бораи музокироти Русияву Толибон дар қаламрави Тоҷикистон гуфта, ки агар ин хабарҳо воқеият дошта бошад, ба манзури муборизаи Русия бо ДИИШ аст .

 

Барчасп