Июн 13, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Нахустин нишасти ҳавопаймои «Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Бори нахуст ҳавопаймои ширкати миллии ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

Ба иттилои Ховар, ҳавопаймои «Боинг» -и ширкати «Turkmenistanairlines» дар хатсайри Ашқобод –Душанбе –Ашқобод парвози техникӣ -озмоишӣ анҷом дод.

Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии «Turkmenistanairlines» беш аз 100 мусофирро, ки асосан аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон иборат аст, ба Душанбе овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати Туркманистонро роҳбарону намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута истиқбол гирифтанд.

Интизор меравад, ки роҳбарону намояндагони идораҳои ҳавонавардии ду кишвар –Тоҷикистону Туркманистон имрӯз дар Душанбе барои дар оянда ба роҳ мондани парвозҳои мустақими доимӣ дар хатсайри Ашқобод –Душанбе-Ашқобод ва ё хатсайри транзитӣ –тавассути кишвари сеюм гуфтушунид анҷом диҳанд.

Ҳафтаи гузашта Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Душанбе гуфта буд, ки  ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ байни Душанбе ва Ашқобод дар таҳкими муносиботи ду кишвари дӯсту бародар -Тоҷикистон ва Туркманистон ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  ва илмию фарҳангии ду мамлакат саҳифаи нав боз карда, нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Барчасп