Озода Раҳмон мушовири адлияи Тоҷикистон шуд
Июн 14, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия гирифтааст.
Ба иттилои хабаргузории Форс, ин унвон мартабаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад.
Озода Раҳмон аз соли 2016 раёсати дастгоҳи иҷроияи президентро бар уҳда дорад.
Вай қабл аз ин симмат, ба унвони муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон фаъолият мекард.
Барчасп