Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арманистон дар Ереван
(last modified Wed, 14 Jun 2017 16:23:22 GMT )
Июн 14, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арманистон дар Ереван

Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Арманистон дар шаҳри Ереван дидору гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои сайти армании voskanapat, Серж Саргсян дар ибтидои ин дидор сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистонро дар чорчуби таҷлил аз бисту панҷумин солгарди равобити дипломатии байни ду кишвар, бо аҳаммият тавсиф кард .

Раисҷумҳури Арманистон тасреҳ кард, ин кишвар омодаи ҳаргуна ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба вижа дар бахши иқтисодӣ аст .

Вай дар ин замина ба ҳамоиши иқтисодии бахшҳои давлатӣ ва хусусии ду кишвар дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ишора кард .

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор, зимни сипос аз Саргсян барои даъвати сафари расмӣ ба Арманистон, аз дастовардҳои иқтисодии ин кишвар ба хусус дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ёдоварӣ карду гуфт, Тоҷикистон хоҳони истифодаи таҷрубаи Арманистон дар ин бахш аст .

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз пеш аз зуҳр вориди Ереван шуд ва мавриди истиқболи расмии Давид Налбандян, вазири хориҷаи Арманистон қарор гирифт.

Раҳмон имрӯз ҳамчунин бо ҳузур дар маҳалли ёдбуди қатли омми аромана аз сӯи Туркияи Усмонӣ, ёди ин қурбониёнро гиромӣ дошт .

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон дурӯза аст .