Зиндони тӯлонимуддат барои мақоми собиқи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
Додгоҳе дар Тоҷикистон Қадамҷон Сафизода, яке аз мудирони собиқи дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишварро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши “Озодагон”, бо вуҷуди ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди Қадамҷон Сафизода, вай бо таваҷҷуҳ ба Қонуни афви соли 2016 ва якуним соли ҳузур дар боздоштгоҳ, бояд ҳаштуним соли дигар дар зиндон бимонад.
Қадамҷон Сафизода қаблан мудирияти Маркази технологияҳои иттилоотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда доштааст.
Ҳамчунин бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаш тан аз ҳамроҳони Сафизода ба ҷурми касби 8 миллион сомонӣ даромади ғайриқонунӣ ба 12 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд.
Пеш аз ин волидайни ин афрод аз Озода Раҳмон, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хоста буданд, барои муҳокимаи одилонаи фарзандонашон дар додгоҳ мусоидат кунад.
Гуфта мешавад ин афрод бо насби таҷҳизот дар шаҳри Душанбе, тамосҳои байналмилалии ширкати “мегафон”- ро бидуни иҷозаи расмӣ ба тамосҳои дохилӣ табдил карда ва даромадҳои калонеро касб карда буданд.
Ин таҷҳизот 20-уми марти соли 2016 аз сӯйи Хадамоти алоқа ва Вазорати дохилаи Тоҷикистон кашфу мусодира шудааст.