Июн 15, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҷузви беҳтарин кишварҳои тафреҳӣ барои русҳо

Тоҷикистон дар раддаи беҳтарин кишварҳои ҳадафи гардишгарӣ барои мардуми Русия қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол дар феҳристи 50 макони маҳбуби гардишгарӣ барои мардуми Русия, ҷузви панҷ кишвари нахуст қарор гирифтааст.

Бар асоси пажӯҳишҳои як муассисаи таҳқиқотӣ, Финландия, Абхазия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маҳбубтарин мақсади гардишгарии русҳо ҳастанд.

Дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд, Қазоқистон дар ҷойгоҳи нахуст ва сипас Қирғизистон ва Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

 Бо ин ҳол Узбакистон дар ин феҳрист дар ҷойгоҳи 45-ум қарор дорад.

Чанде пеш Хуҷанд ба унвони яке аз қадимитарин шаҳрҳои кишварҳои ИДМ муаррифӣ шуд.

Тоҷикистон чанде пеш барои густариши бахши гардишгарӣ дар ин кишвар ниҳоди ҷадиде бо унвони Кумитаи рушди гардишгарӣ таъсис кардааст.

 

Барчасп