Июн 15, 2017 14:17 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ихтилофоти бонки эронӣ ва ширкати тоҷикистонӣ дар Маҷлиси Эрон

Лоиҳаи “Ирҷои ихтилофоти Бонки Тавсеаи Содироти Эрон ва ширкати “Спитамен ойл”-и Тоҷикистон ба доварӣ дар Маҷлиси Эрон баррасӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ин лоиҳаро се рӯзи пеш барои тайи ташрифоти қонунӣ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ирсол кард.

Эрон муътақид аст, ширкати “Спитамен ойл” аз иҷрои қарордоди басташуда бо Бонк Тавсеаи Содироти Эрон худдорӣ карда ва “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон низ ваҷҳи замонатҳои содиршударо пардохт накардааст.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар пайи натиҷабахш набудани пайгириҳои Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, ин лоиҳаро ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тақдим кардааст.

Корхонаи “Спитамен ойл” моҳи сентябри соли гузашта бо 32 миллион сомонӣ (беш аз севуним миллион доллар) ҳазина дар шимоли Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид, ки тарафи эронӣ мегӯяд, бахше аз ин пулро пардохтааст ва акнун “Спитамен ойл” аз иҷрои тааҳҳудоти худ ба Бонки Тавсеаи Содирот сарпечӣ мекунад.

 Бар асоси тавофуқи Бонки Тавсеаи Содироти Эрон бо ширкати “Спитамен ойл”, як ширкати эронии мавсум ба “Кушо” муваззаф будааст барои интиқол ва насби таҷҳизоти тавлиди равғани наботӣ дар ноҳияи Спитамен иқдом кунад ва “Агроинвестбонк” низ бар асоси ин санадҳо кафили иҷрои ин тавофуқ ба шумор меравад.

Масъулони корхонаи равғани “Спитамен ойл” гуфтаҳои тарафи эрониро беасос дониста ва муддаӣ шудаанд, ки ширкати эронии “кушо” то кунун ба тааҳҳудоти худ амал накарда ва ҳатто замони оғоз ба кори ин корхонаро ба таъхир андохтааст.

Бар асоси гуфтаҳои ширкати тоҷикистонӣ, дар пайи таъхири ширкати эронӣ, онҳо барои насб ва танзими таҷҳизот ба ширкатҳои чинӣ муроҷиат кардаанд.

Шараф Тешаев, коршиноси ҳуқуқии корхонаи “Спитамен ойл” гуфтааст: “ширкати эронии “Кушо” ба ин корхона 570 ҳазор евро бидеҳкор аст ва мо феълан бо Бонки Тавсеаи Содирот ва Сандуқи Замонати Эрон барои ҳалли ин мушкил дар ҳоли музокира ҳастем.”

 

Барчасп