Ҳаво дар Тоҷикистон ба шиддат гарм мешавад
Ҳаво дар манотиқи ҷанубӣ, шимолӣ, марказӣ ва кӯҳистонии Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда ба шиддат гарм мешавад.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, то 18-уми июн дамои ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон то 44 дараҷа хоҳад расид. Бинобар эъломи Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳамчунин дамои ҳаво дар ду рӯзи оянда дар даштҳои вилояти Суғд ва манотиқи марказии Тоҷикистон ба 37 - 42 ва дар манотиқи кӯҳистонӣ ба 29 -34 дараҷа хоҳад расид. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар пайи гарм шудани ҳаво эҳтимоли афзоиши сатҳи оби дарёҳо ва сарозер шудани сел низ вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам дар бораи ворид шудани хисорот ба киштзорҳо бар асари гармии беш аз ҳадди ҳаво ҳушдор додааст. Кумитаи мазкур гурӯҳҳое аз кормандони худро барои огоҳ кардани мардум аз паёмадҳои эҳтимолии гармии ҳаво ба ноҳияҳои вилояти Хатлон эъзом кардааст.