Боздошти 28 фарди таҳти пайгарди Полиси байналмилал дар Тоҷикистон
28 фарди таҳти пайгарди Полиси байналмалал бо иҷрои амалиёти “Нелегал-2017” дар Тоҷикистон боздошт шуданд.
Ба гузориши “Азия плюс”, дар амалиёти вижаи “Нелегал-2017” (ғайриқонунӣ-2017) дар Тоҷикистон 28 фарди таҳти пайгарди Полиси байналмилал боздошт шуданд ва аз онҳо 32 қабза силоҳи гарм кашфу мусодира шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар марҳалаи аввали амалиёти вижаи “Нелегал-2017”, ки аз охири моҳи май то нимаи моҳи июн иҷро шуд, маъмурони интизомӣ 120 шаҳрванди хориҷии ғайриқонуниро шиносоӣ ва 20 нафар аз ононро ба далели надоштани мадорики иқомат ва дигар тахаллуфот аз қаламрави ин ҷумҳурӣ ихроҷ карданд.
Дар ин амалиёт тамоми ширкатҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, аз ҷумла 55 ширкати сохтмонӣ ва 67 маркази бузурги тиҷорӣ бозрасӣ шуданд.
Амалиёти “Нелегал-2017” ҳамасола дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ дар ду марҳалаи тобистон ва тирамоҳ (пойиз) иҷро мешавад.