6 кӯдаки тоҷик аз марги ҳатмӣ наҷот ёфтанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i18844-6_кӯдаки_тоҷик_аз_марги_ҳатмӣ_наҷот_ёфтанд
Тайи 2 рӯзи гузашта дар ду минтақаи Тоҷикистон, 6 кӯдак аз хатари ғарқ шудан наҷот ёфтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 18, 2017 06:34 Asia/Dushanbe
  • 6 кӯдаки тоҷик аз марги ҳатмӣ наҷот ёфтанд

Тайи 2 рӯзи гузашта дар ду минтақаи Тоҷикистон, 6 кӯдак аз хатари ғарқ шудан наҷот ёфтанд.

Ба гузориши сомонаи интернетии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, кормандони ин кумита дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров дар шимол ва Хоруғ дар шарқи Тоҷикистон, тайи амалиёте ҷон 6 кӯдакро наҷот доданд.

Аз ин 6 кӯдак, 5 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як духтар дар шаҳри Хоруғ аз марги ҳатмӣ наҷот ёфтанд.

Ҳамасола ба хусус дар фасли тобистон, даҳҳо шаҳрванди кам сину соли Тоҷикистон бар асари риоят накардани усули эминӣ ва афзоиши сатҳи оби рӯдхонаҳо ба иллати гармии ҳаво ва об шудани яхчолҳои табиӣ, ба ҳангоми обзӣ мешаванд.

Дар ҳамин замина, ба тозагӣ Кумита ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон нисбат ба раванди хатарноки гармии беш аз ҳадди ҳаво ва афзоиши сатҳи оби рӯдхона ва эҳтимоли сарозер шудани сел дар манотиқи мухталифи ин  кишвар ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода ва тақозо кардааст, ки дар ин фасл аз сол, чораҳои эҳтиётиро фаромӯш накунанд.