Июн 20, 2017 11:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке дигар аз мақомоти собиқи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Қосим Саидзода, сардори собиқи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар нақлиёти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дастгир шудааст. Саидзода дар ду моҳи охир алакай нуҳумин мансабдори баландпояи Агентии мубориза бо коррупсия аст, ки боздошт мешавад.

Ба иттилои сайти Ахбор, манобеи наздик ба тафтиши парвандаҳои мансабдорони собиқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти боз як нафар дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо хабар доданд.

Ахбор навиштааст, ки ҳафтае пеш Қосим Саидзода, сардори собиқи раёсати якуми Агентӣ боздошт шуда ва ба зидди вай бар асоси моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Боздошти Қосим Саидзода, ки дар байни мақомот бо номи Ҳоҷӣ Қосим маъруф буд ва аз афроди хеле пурнуфуз дар Агентии мубориза бо коррупсия ба шумор мерафт, бар асоси баёноти дигар мансабдорони боздоштшудаи ин Агентӣ муяссар шудааст.

Манобеи Ахбор қаблан гуфта буданд, Ҳоҷӣ Қосим, ки дар ин ниҳод раҳбарии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи нақлиётро бар ӯҳда дошт, дар моҳи апрел дар пайи оғози як амалиёти густардаи поккорӣ дар Агентии мубориза бо коррупсия аз мақомаш барканор шуда буд.

Дар рӯзҳои аввали ин амалиёт – аз 20 апрел то 1 май алакай 7 мансабдори дар гузашта баландпояи Агентии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумрук дастгир шуданд. Ҳафтаи гузашта хабар омад, ки Хуршед Ҷабборзода - муовини сардори Раёсати назорати қонуният санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулли Тоҷикистон низ боздошт гардида, ба зидди вай бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо парванда кушодаанд. Ҷабборзода то ду соли пеш дар Агентии мубориза бо коррупсия кор мекард.

 

Барчасп