Июн 22, 2017 16:09 Asia/Dushanbe
  • Вуруди фармондеҳи неруҳои низомии минтақаи Марказии Русия ба Душанбе

Фармондеҳи неруҳои низомии минтақаи Марказии Русия барои баррасии вазъияти пойгоҳҳои низомии ин кишвар вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳадаф аз сафари шаби гузаштаи Владимир Заруднитский, фармондеҳи неруҳои низомии минтақаи марказии Русия ба Душанбе, баррасии пойгоҳҳои низомии ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон эълом шудааст.

 Вай қарор аст, дар ин сафар бо бархе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор ва дар бораи масоили амниятии минтақа гуфтугӯ кунад.

Пойгоҳи 201 бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар бо ҳафт ҳазор нерӯ, дар Тоҷикистон мустақар шудааст.

Русия қасд дорад, бузургтарин пойгоҳи 201-ро то охири имсол ба ҳавопаймоҳои бидунисарнишин муҷаҳҳаз кунад.

 

Барчасп