Август 09, 2016 13:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми 18 сокини шаҳри Роғун ба иттиҳоми барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон

Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 сокини шаҳри Роғунро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон аз 3,5 то 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти "Тоҷинфо", дар миёни афроди маҳкумшуда ҳукми 5 соли зиндон барои ҷавоне ба исми Раҷабмурод Раҷабов низ мушоҳида мешавад, ки ба иттиҳоми доштани риш ба сабки гурӯҳи салафӣ дар синфи шашуми мадраса аз 7 соли пеш, акнун муҷозот мешавад. Дар ҳоле ки бародари вай таъкид кардааст, аз нигоҳи синну сол ва рушди ҷисмонӣ ва баданӣ, доштани риш дар 12 солагӣ ғайримумкин аст.

Пеш аз ин Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо интишори баёнияе иллати боздошти ин 18 нафарро узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ унвон карда буд.

Дар пайи эътирози мукаррари модарони ин афрод, мақомоти интизомии Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки и теъдоде аз ин афрод ба унвони шоҳид даъват шудаанд, ки пас аз 5 моҳ ҳамаи онон ба ҷурми даъват барои барандозии низоми сиёсии ин кишвар ба зиндон маҳкум шуданд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ба баҳонаи гароиши ҷавонони ин кишвар ба гурӯҳи салафия, ки умдаи аъзои он ба унвони унсури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ахиран даст ба боздошти густарда ва зиндонӣ кардани ин афрод задаанд.

Барчасп