Баҳрабардорӣ аз истгоҳи тасфияи об дар пойтахти Тоҷикистон
Бо кӯмаки мутахассисони эронии истгоҳи тасфияи об (обсофкун)-и ошомидании шаҳри Душанбе бозсозӣ шуд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ин тасфияхона, ки бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо тавони тасфияи 150 ҳазор метри мукааб об дар шабонарӯз қодир аст ниёзи сокинини пойтахти Тоҷикистонро ба оби ошомидании тасфияшуда таъмин кунад.
Ҳазинаи навсозии истгоҳи тасфияи оби шаҳри Душанбе 5 миллиону 970 ҳазор доллар буда, ки бахши умдаи он дар қолаби воми билоиваз тавассути Бонки ҷаҳонӣ таъмин шудааст.
Коргоҳи тасфияи оби ошомидании Душанбе ба технологияи ҷадиди олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз будаву тавассути мутахассисони ширкати “Шимбар”-и Ҷумҳурии исломии Эрон мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ насбу роҳандозӣ шудааст.
Дар ин истгоҳ фарояндҳои тасфияи оби ошомиданӣ ба манзури таъмини як манбаи оби солим, шомили ҷудосозии маводи ҷомид (шахшуда) бо истифода аз фарояндҳои физикие ҳамчун таҳнишинӣ ва филтросюн ва низ фарояндҳои кимиёие ҳамчун зиддиуфунӣ ба кор гирифта шудааст.