Баргузории конфронси таҷлил аз бистумин солгарди Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 24 Jun 2017 07:30:32 GMT )
Июн 24, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Баргузории конфронси таҷлил аз бистумин солгарди Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати таҷлил аз бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар шаҳри Душанбе, “Конфронси ҷумҳурӣ” дар сохтмони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ин конфронс бо ибтикори Вазорати хориҷа ва Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвон “Мавқеи сулҳ ва ваҳдат дар ҳамбастагии миллӣ” рӯзи 23-юми июн баргузор шуд ва дар он раҳбарият ва кормандони Вазорати умури хориҷа, намояндагони Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сафирони Ҷумҳури Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, коршиносони сиёсӣ, донишмандон ва мутахассисон ширкат намуданд.

Дар ин нишаст мавзӯоте аз қабили нақши раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарории сулҳу субот дар кишвар, Ваҳдати Миллӣ - ҳамчун омили рушди сиёсати хориҷӣ, заминаҳои маънавӣ ва фарҳангии ташаккули Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон ва дигар масоили марбут ба ин санаи таърихӣ баррасӣ ва таъкид шуд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои Ваҳдати Миллии тоҷикон ин суботи пойдор ва амнияти пойдор дар ин кишвар аст.

 Ҳамчунин дар ин конфронс таъкид шуд, пас аз барқарории сулҳ ва оромиш, Ҷумҳури Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мавқеияти худро устувор намояд ва тайи ин солҳо аз як кишвари ҷангзада ба оромтарин кишвари минтақа табдил шавад.

Ширкаткунандагон дар конфронс, Ваҳдати Миллиро омили суботи ҷомеа ва нақшофаринии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хонданд ва ҳифзи ваҳдат ва якпорчагиро вазоифи ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон донистанд.

Дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони вақти ин кишвар дар Маскав бо имзои созишномаи барқарории сулҳ ва оштии миллӣ ба 5 соли ҷанги хунини дохилӣ, ки муҷиби кушта ва захмӣ шудани беш аз 300 ҳазор нафар ва оворагии наздик ба 1 миллион ҷамъияти ин кишвар шуд, поён доданд.

 Имзои ин созишнома пас аз 4 сол музокироти сахт миёни тарафайн ва бо миёнҷигарии Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бархе аз кишварҳои минтақа имконпазир шуд.

 Аммо имсол дар ҳоле аз бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ - тарафи дигари имзокунандаи Созишномаи барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар ин кишвар мамнуъ шуда ва теъдоди зиёде аз масъулин ва аъзои он маҳкум ба зиндон шуда ва ё ба хориҷ рафтаанд.