Дидори вазирони дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 19 сол
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19308-Дидори_вазирони_дохилии_Тоҷикистон_ва_Узбакистон_пас_аз_19_сол
Нахустин бор пас аз 19 сол вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасти муштарак, чашмандози ҳамкори ниҳодҳои интизомии ду кишварро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 29, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 19 сол

Нахустин бор пас аз 19 сол вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасти муштарак, чашмандози ҳамкори ниҳодҳои интизомии ду кишварро баррасӣ карданд.

   Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз бо Абдуссалом Азизов- вазири корҳои дохилии Узбакистон, ки барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ ба Душанбе сафар карда буд, дидор кард.

   Раҳимзода ва Азизов дар ин дидор дидгоҳҳои худро дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон дар мубориза бо ҷароими созмонёфта, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир матраҳ карданд.

    Охирин бор Зокир Алматов, вазири корҳои дохилии собиқи Узбакистон 19 сол қабл ба Душанбе- пойтахти Тоҷикистон сафар карда буд.

   Аз ҳудуди 20 сол пеш ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеҷ амалиёти муштараке барои хунсо кардани гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ баргузор накардаанд.