Муваффақияти аввалин амали пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон
Аввалин амали пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон ба ҳиммати пизишкони ин кишвар бо муваффақият анҷом шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии Вазорати тандурустиӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ин амал рӯзи гузашта дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом шудааст.
Саидмаҳмуд Исмоилзода, мудири ин марказ гуфтааст, ки иҷрои амали печидаи пайванди мағзи устухон танҳо ба василаи таҷҳизоти модерн имконпазир аст.
Бахши пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон танҳо марказ дар Осиёи марказӣ аст, ки ба таҷҳизоти модерн муҷаҳҳаз аст.
Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар соли 2011 мелодӣ таъсис шуд ва то кунун дар ин марказ беш аз 350 амали пайванди куллия ва 38 амали пайванди кабед (ҷигар) анҷом шудааст.