Таъсиси Институти модару кӯдак дар Душанбе бо ҳамкории Фаронса
(last modified Thu, 29 Jun 2017 15:01:44 GMT )
Июн 29, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Институти модару кӯдак дар Душанбе бо ҳамкории Фаронса

Фаронса дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон Институти модару кӯдак таъсис мекунад.

Дар дидори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фпронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, ки имрӯз баргузор шуд, Гуедар барои эҷоди Институти модару кӯдак дар Душанбе эъломи омодагӣ кард.

Рустами Эмомалӣ ва Ясмин Гуедар ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон вохурии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар сурат гирифта буд.

Дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Ясмин Гуедар таъкид гардидааст, ки соли 2019 дар Франсия баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишвари моро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад  гирифт.

Ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва навсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи мазкур анҷом дода мешавад.