Парлумони Тоҷикистон дасти маъмурони амниятиро баст
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба иттифоқи ороъ ҳаққи вуруди бидуни иҷозаи нерӯҳои амниятиро ба хонаҳои мардум лағв кард.
Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, намояндагони парлумони Тоҷикистон имрӯз ба иттифоқи ороъ муқаррароти қаблии Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи сохторҳои амнияти миллӣ"-ро лағв карданд. Бар асоси тағйиру иловаҳои қаблӣ, нерӯҳои амниятӣ ҳақ доштанд, дар шароити вижа ва истисноӣ ва дар сурати вуҷуди таҳдиди террористӣ бидуни иҷоза ба хонаҳои мардум ворид шаванд. Ин тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи сохторҳои амнияти миллӣ" дар моҳи октябри соли 2016 бо пешниҳоди Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пазируфта шуда буд.
Сомонаи интернетии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз бидуни ишора ба ин тағйирот дар қонуни мазкур аз оғози таътилоти тобистонаи намояндагон аз фардо, якуми июл то 16-уми август хабар додааст.