Июл 01, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи ҷадиди намояндагии САҲА дар Тоҷикистон

Дафтари пешини намояндагии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон аз аввали июл бо ном ва ҷойгоҳи ҷадиде дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз мекунад.

Ба гузориши сайти САҲА, Туула Юрёла, раиси дафтари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе, бо ишора ба поёни ихтилофоти сиёсии як соли ахир миёни САҲА ва Тоҷикистон бар сари мавзӯи ҳузури намояндагони гурӯҳҳои мухолифи давлати Душанбе дар нишасти ҳуқуқи башари ин ниҳоди аврупоӣ дар Полша дар соли 2016 гуфт, аз ин пас дафтари ин созмон бо коҳиши ҷойгоҳи худ ба унвони “Барномаи дафтари САҲА дар Тоҷикистон” фаъолият хоҳад кард.

 Вай таъкид кардааст, ки нишасти соли гузаштаи дафтари ҳуқуқи башари ин созмон дар Полша бо ҳузури теъдоде аз намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати Душанбе дар хориҷ аз ин кишвар, муҷиби коҳиши сатҳи равобити дуҷониба шуд ва дар пайи он Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон барои муддате аз тамдиди фаъолияти дафтари САҲА дар ин кишвар худдорӣ кард.

 Ба гуфтаи Туула Юрёла, Барномаи дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо давлати ин кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, мудирияти марзи муштарак бо Афғонистон ва иқдомоти башардӯстона ҳамкорӣ хоҳад кард.

 

Барчасп