Июл 01, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Сохти бузургтарин корхонаи семент дар ҷануби Тоҷикистон

Сохти бузургтарин корхонаи семент дар ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон бо мушорикати молӣ ва фаннии ширкатҳои чинӣ ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон ба зудӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Зафар Файзуллоҳзода, раиси ноҳияи Қубодиён гуфтааст, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз ин корхона заминаи тавлиди солона 2 миллион тон семент фароҳам хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 маҷмӯи тавлиди корхонаҳои семент дар Тоҷикистон наздик ба ду миллион тон буд, ки 300 ҳазор тон аз он ба кишварҳои Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содир шуд.

 Тарафи чинӣ барои сохти ин корхона дар замине ба масоҳати 65 гектар беш аз 160 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар канори корхонаи тавлиди семент дар ин минтақа сохти воҳидҳои тавлидии кошӣ (кафел), часбҳо (клей)-и санъатӣ ва шакар барномарезӣ шудааст, ки заминаро барои корофаринии ҳазорон нафар фароҳам хоҳад кард.

Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тавлиди семент дар ин кишвар дар соли 2016 панҷсад ҳазор тон афзоиш дошта, ки бесобиқа аст.

 Мақомоти ин вазоратхона таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон семент вуҷуд дорад.

Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

 

Барчасп