Июл 01, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди ангишт дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон аз афзоиш 81 ҳазор тон тавлиди ангишт дар нимаи нахусти имсол дар ин кишвар хабар додаанд.

Ба гузориши “Спутник”, ба гуфтаи мақомоти Вазорати саноат ва фановариаҳои нави Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта 500 ҳазор тон ангишт дар ин кишвар тавлид шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, тавлиди ангишт дар соли 2016 дар ин кишвар ба ҳадди рекордии як миллиону 300 ҳазор тон расид ва пешбинӣ мешавад ин рекорд имсол шикаста шавад ва шохиси тавлиди ангишт ба 1 миллиону 700 ҳазор тон бирасад.

Афзоиши тақозои истифода аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ дар марокизи тавлидӣ ва санъатӣ ва бахши хонагии рустоӣ дар Тоҷикистон, қарор аст тавлиди ин навъи сӯхт ба 2 миллион тон дар соли 2018 афзоиш ёбад.

 Набуди гази табиии дохилӣ ва қатъи содироти ин навъи сӯхт аз сӯйи Узбакистон ба Тоҷикистон муҷиб шуда, ки акнун беш аз 200 корхона ва маркази тавлидӣ ва низ бахши хонагии рустоӣ дар ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода кунанд.

Бар асоси ин гузориш бо афзоиши тавлиди внгишт дар Тоҷикистон дар соли 2020 афзун бар таъмини ниёзи дохилии ин кишвар, заминаи содироти ин навъи сӯхт ба хориҷ низ фароҳам хоҳад шуд.

 Дар Тоҷикистон аз захоири бузурги ангишт дар майдонҳои “Фон – Яғноб” ва “Шӯроб” дар вилояти Суғд, “Назар Айлоқ” дар водии Рашт, “Зидеҳ” дар шимоли шаҳри Душанбе ва “Сайёд” дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат истифода мешавад.

 

Барчасп