Август 10, 2016 09:36 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи коҳиши давраи хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи коҳиши давраи хизмати ҳарбӣ дар ин кишварро аз 2 соли феълӣ ба 1 солу шаш моҳ ба давлат ироа кард.

Ба иттилои сайти Toptj, Фаридун Маҳмадализода, сухангуи Вазорати дифои Тоҷикистон бо тайиди ин хабар гуфт, ин тарҳ дар дасти баррасӣ қарор дорад ва тасмими ниҳоиро давлат ва парлумони ин ҷумҳурӣ иттихоз хоҳанд кард.

Аз дидгоҳи коршиносон, бадалели вуҷуди нобасомониҳои зиёд аз ҷумла авзои ногувори маишатӣ ва ахлоқӣ дар артиши Тоҷикистон, ки муҷиби фирори ҷавонони воҷиди шароити хизмат аз нерӯҳои мусаллаҳ мешавад, лузуми ислоҳот дар қонуни хизмат дар артиши ин кишвар вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар ҳамасола дар Тоҷикистон барои ҷазби иҷбории ҷавонон ба хизмат иқдом мешавад, ки заминаи эъзоми афроди маълул ва носолим ба артиш ва ташдиди бемории ононро фароҳам месозад.

Аз нигоҳи коршиносон, яке аз далоили умдаи фирори ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои кор вуҷуди мавориди зиёди лату куби сарбозони тозаворид аз сӯи ҳамқаторони онон аст, ки таи солҳои ахир бо даҳҳо мавриди кушта ва маълул шудани ин афрод ҳамроҳ будааст.

Бинобарин ба эҳтимоли қавӣ ниҳоӣ шудани тарҳи коҳиши давраи хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон бо истиқболи ҷавонон дар ин кишвар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.