Июл 03, 2017 08:36 Asia/Dushanbe
  • Ибрози хушбинии донишманди тоҷик ба ояндаи равобити Тоҷикистон ва Эрон

Узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, дар бораи ояндаи равобити ду кишвар ибрози хушбинӣ кард ва хостори рафъи сӯи тафоҳумҳои феълӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон шуд.

  Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Спутник, доктор Сафар Абдуллоҳ,  донишманди тоҷики муқими Қазоқистон гуфт, мухолифи ҳар навъ маҳдуд кардани равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишвари дӯст ва ҳамзабони Эрон аст.

   Аз дидгоҳи ин донишманди тоҷик, иртиботи қавӣ миёни мардумони Тоҷикистон ва Эрон ба маротиб арзишмандтар аз ихтилофоти сиёсии феълии Душанбе ва Теҳрон аст ва мақомоти ин ду кишвари форсизабон, бояд барои рафъи сӯи тафоҳумоти ахир ва таҳкими муносиботи дуҷониба гом бардоранд.

   Вай таъкид кардааст, ки дафтари фарҳангии Эрон дар Суғди Тоҷикистон дар солҳои тӯлонии фаъолияти худ, дар заминаи омӯзиши хатти форсӣ, тарвиҷи шеър ва адабиёти форсӣ ва баргузории маҳофили муштараки адабӣ байни шоирони ду кишвар ва низ чопи китоб ва мубодилаи осори фарҳангӣ, савобиқи дурахшоне дошта ва бояд аз ин барномаҳо истиқбол мешуд.

   Сафар Абдуллоҳ мӯътақид аст, ки таътилии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (раҳ.), ройзании фарҳангӣ дар Душанбе ва дафотири фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эрон дар вилояти Суғди Тоҷикистон, иқдомҳои муваққат аст ва дар ояндаи наздик равобити ин ду кишвар ба сатҳи матлуб боз хоҳад гашт.