Июл 03, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Ҳайъати мақомоти гумруки Афғонистон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон дидан намуд.

Ба иттилои Ховар, зимни боздиди гурӯҳи кории байналмилалӣ бо роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва ҳайъати шахсии гумрукии «Панҷи — Поён» вохурӣ намуд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода иброз намуд, ки дар ҷарёни боздиди ҳайъати байни намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон вохурии дуҷониба баргузор гардида, «Оид ба масъалаи фаъолияти системаи Боркашонии байналмилалии автомобилӣ  /ББА/ (Carnet TIR)» ва «Долони сабз» барои ББА ва «Доир ба масъалаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон» протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳайъати мақомоти гумруки Афғонистон аз толорҳои назорати гумрукии «Панҷи Поён» дидан карда, бо фаъолияти кормандон ҳангоми истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва шабакаи муштараки мубодилаи маълумоти гумрукӣ, инчунин таҷҳизоти назоратию рентгении муосир шинос шуданд.

Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ки 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, шабакаи муштараки мубодилаи гумрукии иттилоотӣ аз низоми санҷишӣ ба таври доимоамалкунанда гузаронида шуд.