Ҳушдори Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи афзоиши қарзи хориҷӣ
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба мизони 39,4 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст, ки ин кишварро ба марҳалае хатарнок наздик хоҳад кард.
Ба гузориши сайти “Авесто”, Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин бидеҳиҳо аз ҳисоби дарёфти вомҳо ва қарзҳои хориҷӣ ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси бароварди ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар сурати расидани сақфи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 40 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллӣ ё маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), ин кишвар дар остонаи варшикастагии иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт.
Бино бар эъломи Вазорати молияи Тоҷикистон, мизони қарзҳои хориҷии ин кишвар дар соли 2016 ба 2 миллиарду 300 миллион доллар расид, ки баробар бо 32 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар ва баёнгари афзоиши 80 миллиондолларии бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2015 буд.
Бо ин ҳол дар 3 моҳи нахусти имсол қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 284 миллион доллар эълом шуд.
Имсол барои бозпардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 165 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.
Чин бузургтарин вомдиҳанда ба иқтисоди Тоҷикистон буда ва беш аз 50 дарсади қарзҳои хориҷии давлати Тоҷикистон марбут ба Чин аст.
Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушди Исломӣ ҳам аз ҷумлаи ниҳодҳои байналмилалие ҳастанд, ки номи онҳо дар феҳристи талабкорони ҳукумати Тоҷикистон ба чашм мехӯрад.