Июл 05, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти коршиноси тоҷик аз тарҳи интиқоли коргарони муҳоҷир ба Шарқи дури Русия

Мудири Маркази пажӯҳишии умури муҳоҷирати вобаста ба Академияи илмҳои Тоҷикистон аз тарҳи Вазорати умури дохилии Русия барои интиқоли коргарони муҳоҷир ба манотиқи дурдасти Шарқи дур ва Сибир ҳимоят кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар тарҳи ҷадиди қонуни муҳоҷират, ки ахиран Вазорати умури дохилии Русия таҳия кардааст, пешниҳод шудааст, ки коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба минтақаи Шарқи дур интиқол ёбанд.

 Анвар Бобоев, ки чанд сол намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон буд, гуфтааст, ки дар бозори кори шаҳрҳои марказии Русия шумори қобили мулоҳизае аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ фаъолият мекунанд, ки ба далели зиёд будани нерӯ бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ ҳастанд.

 Бобоев афзуд, интиқоли коргарони муҳоҷир ба манотиқи камтар тавсеаёфтаи Сибир ва Шарқи дури Русия боиси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ, ҷуброни камбуди ҷамъият ва корофаринӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла коргарони тоҷикистонӣ хоҳад шуд, ки аз ин иқдом ҳам корфармоён ва ҳам коргарони муҳоҷир суд мебаранд.

Масъулони вилоятҳои Шарқи дури Русия аз солҳо қабл интиқоли коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ин манотиқ хостор будаанд.

Бар асоси гузориши Маркази пажӯҳишии умури муҳоҷирати вобаста ба Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Русия беш аз як миллион коргари муҳоҷири тоҷик ба таври расмӣ ва бо иҷозатнома фаъолият мекунанд ва иддае низ бидуни иҷозатнома ба корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ машғул ҳастанд.

Як савум аз кулли коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар бахши сохтмон фаъолият мекунанд. 15 дарсад дар бахши кишоварзӣ ва бақия низ дар ҳамлу нақл, санъат ва хадамоти шаҳрӣ машғул ба кор ҳастанд.