Музокироти сарони Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе
Музокироти сарони Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе оғоз шудааст.
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммаднавози Шариф, нахуствазири Покистон соати 10-и субҳи имрӯз ба вақти Душанбе оғоз шуд.
Муҳаммаднавози Шариф, нахуствазири Покистон бомдоди имрӯз барои анҷоми сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти чорҷониба вориди Душанбе шуд.
Қарор аст сарони Тоҷикистон ва Покистон дар бораи масоили марбут ба тарҳи КАСА -1000, ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ табодули назар кунанд.
Дар беш аз як соли ахир ин дувумин бор аст, ки нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Муҳаммаднавози Шариф соли гузашта ҳамроҳ бо раҳбарон ва мақомоти аршади Афғонистон ва Қирғизистон барои ширкат дар маросими оғоз ба кори тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон ба Душанбе сафар карда буд.