Оқибатҳои коҳиши рушди ҷамъият дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i196-Оқибатҳои_коҳиши_рушди_ҷамъият_дар_Тоҷикистон
Коршиносони пажӯҳишгоҳи иқтисоди вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, ки дар оянда ин кишвар ба далели коҳиши рушди ҷамъият ва пир шудани он, шояд нерӯи кории мавриди ниёзи хешро аз хориҷ ворид кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 17, 2016 05:04 Asia/Dushanbe
  • Оқибатҳои коҳиши рушди ҷамъият дар Тоҷикистон

Коршиносони пажӯҳишгоҳи иқтисоди вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, ки дар оянда ин кишвар ба далели коҳиши рушди ҷамъият ва пир шудани он, шояд нерӯи кории мавриди ниёзи хешро аз хориҷ ворид кунад.

Ба гузориши сойти Азия плюс, бо вуҷӯди афзоиши беш аз 2 дарсадии солиёнаи ҷамъияти Тоҷикистон, ки болотарин шохис дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд, коршиносон ва таҳлилгарон муътақиданд, ки дар ин кишвар пир шудани шаҳрвандон ва хурӯҷи нерӯи кории ҷавон барои ояндаи ин ҷумҳурӣ, мушкилсоз хоҳад буд.

Зеро бар асоси пажӯҳишҳои анҷомшуда тайи солҳои ахир, теъдоди шаҳрвандони то 14 сол дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва акнӯн саҳми ин қишр дар ҷомеъаи ин кишвар ба 35 дарсад мерасад. Ба ин далел аксари ҷавонони то 20 соли Тоҷикистон рафтан барои кор ба Русияро тарҷеҳ медиҳанд, ки бахши умдаи онон дар ин кишвар издивоҷ ва зиндагӣ мекунанд ва ба Тоҷикистон барнамегирданд. Аз ин рӯ, дар соли 2030 теъдоди кулли ҷамъияти Тоҷикистон ба 13 миллион нафар хоҳад расид, ки бахши қобили мулоҳизаи ин афродро бознишастагон ташкил мекунанд.

Таблиғи мавзӯи коҳиши фарзандон ва шароити номусоиди маъишатии хонаводаҳо дар Тоҷикистон, тайи 2 даҳаи ахир мӯҷиб шудааст, ки таваллуди навзодон дар ин кишвар коҳиш ёбад ва ин падида, заминаи пир шудани ҷамъият ва камбуди нерӯи кории ҷавонро дар оянда дар пай хоҳад дошт.