Июл 06, 2017 19:23 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

Нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон ва нахуствазири Покистон имрӯз дар бӯстонсарои “Пуғус” дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон,  Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф роҷеъ ба равобити сеҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, заруратм тасреъ дар раванди сохти хатти интиқоли барқи CASA – 1000, мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта баҳсу табодул назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба муштаракоти фарҳангӣ ва динии мардумони се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ширкати бахши кишоварзӣ ва саноати дастии Афғонистон ва Покистонро дар ҷашнвораи “Меҳргон”, ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, хостор шуд.

Тарафҳо дар ин нишаст бар зарурати густариши ҳамкорҳои сеҷонибаи транзитӣ бо ҳадафи афзоиши интиқоли колоҳои афғонистонӣ ва покистонӣ аз масири Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Авзои амниятии Афғонистон ва таъсири он бар таҳаввулоти минтақа аз дигар меҳварҳои ин нишаст буд.

 

Барчасп