Июл 07, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 200 кӯдаки тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури 200 кӯдаки тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, ин кӯдакон, ки 95 нафари онҳо духтар ҳастанд, ҳамроҳи волидайнашон ба кишварҳои ёдшуда рафтаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Раҷабгул Ҳабибуллоҳзода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ахиран, панҷ кӯдаки тоҷик аз манотиқи таҳти ишғолии ДИИШ ба Ватан бозгардонида шудааст.

Хонум Ҳабибуллоҳзода, ки рӯзи ҷумъа дар маросими муаррифии тарҳи стратегии фаъолияти Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, аз шеваи бозгардондани кӯдакони тоҷик аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ иттилое надод. Ӯ дар айни ҳол гуфт, ҳукуматдорони тоҷик тамоми талоши худро хоҳанд кард, то тамоми кӯдакони тоҷики ҳозир дар Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон бозпас оварда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин аз ҳузури беш аз ҳазор ҷангҷӯи тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар қолаби гурӯҳҳои террористие монанди ДИИШ хабар дода буданд, ки 300 нафар аз онон кушта шудааст.