Вокуниши ҳуқуқдони тоҷик ба ҳиҷобситезии Кумитаи кор бо занон
Ҳуқуқдони саршиноси Тоҷикистон ба иқдоми Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар таъсиси 21 гурӯҳи кории вижа барои мубориза бо он чӣ ки “пӯшиши бегона” –и бонувон (ҳиҷоб) ном бурда мешавад, вокунише тунд нишон дод.
Файзиннисо Воҳидова дар сафҳаи фейсбукии худ суоле матраҳ кардааст, ки аз чӣ замоне пӯшиши исломии бонувони тоҷик ба иддаои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги бегона ва урёниву бараҳнагӣ фарҳанги миллӣ шудааст?
Вай таъкид кардааст, ки шояд аз дидгоҳи масъулони ин кумита, бонувони мусалмони дорои пӯшиши исломӣ афроде ифротгарову занони урёну бараҳна мояи оромиши ҷомеа бошанд, ки барои муқобила бо ҳиҷоби исломӣ дар Хуҷанд 21 гурӯҳи кории вижа таъсис кардаанд.
Воҳидова гуфтааст, ки тамоми ҳамсарон, духтарон ва хоҳарони имомхатибони масоҷиди вилояти Суғд, ки худ бо дурӯиву нифоқ аз минбарҳои ин марокизи ибодӣ алайҳи ҳиҷоби исломӣ мавъиза мекунанд, бо пӯшиши исломӣ дар маконҳои умумӣ ҳозир мешаванду ҳатто теъдоди зиёде аз занони кормандони идороти давлатӣ низ бо пӯшиши исломӣ дар берун аз хона зоҳир мешаванд, ки ҳаққи онон аст.
Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ахиран 21 коргурӯҳи вижа барои муқобила бо он чӣ ки пӯшиши бегонаи бонувон (ҳиҷоби исломӣ) хонда шуда, таъсис кардааст, ки дар марокизи иқтисодиву тиҷорӣ, бемористонҳо, мактабҳову маҳди кӯдакҳо, ресторанҳову дармонгоҳҳо алайҳи пӯшиши исломии бонувон таблиғ хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон дар 3 соли ахир ба баҳонаи муқобила бо пӯшиши бегона барои фарҳанги миллати тоҷик иқдомоти шадиде алайҳи пӯшиши исломии бонувони мусалмони ин кишвар иҷро ва аз ҳузури бонувони боҳиҷоб дар идороту созмонҳои давлатӣ, марокизи омӯзишӣ ва дармонӣ, иқтисодиву тиҷорӣ ҷилавгирӣ мешавад.