Баррасии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Туркманистон дар Ашқобод
(last modified Sun, 09 Jul 2017 03:53:41 GMT )
Июл 09, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Туркманистон дар Ашқобод

Сафири Тоҷикистон дар Ашқобод ва вазири роҳи оҳани Туркманистон дар дидоре, раванди сохти роҳи оҳани миёни ин ду кишвар аз қаламрави Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Фаррух Шарифзода ва Бяшимов Дерягули Мяминович дар ин дидор дар бораи раванди сохти роҳи оҳани минтақаии ин ду кишвар бо Афғонистон, густариши ҳамкориҳои рейлӣ ва таърифаҳои гумрукӣ баҳсу табодули назар карданд.

Қаблан мақомоти Душанбе ва Ашқобод бар сари макони иттисоли роҳи оҳани Туркманистон– Афғонистон- Тоҷикистон ихтилоф доштанд, зеро мақомоти Душанбе мӯътақиданд буданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд, ноҳияи марзии Шаҳритус бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камҳазинатар аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахш Афғонистонии ин роҳи оҳан, 300 километр кӯтоҳтар хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Туркманистон бо ин тарҳ мухолифат мекунад.

Мақомоти Туркманистон бар таъйини бандари Шерхони вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунанд.

Мақомоти ин ду кишвар аз расидан ба тавофуқ дар ин замина ва поёни ихтилофот хабар доданд.

Бонки рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели ихтилофи назари Душанбе ва Ашқобод, ба таври муваққат ҳамкории худро ба таълиқ даровардааст.