Июл 09, 2017 09:29 Asia/Dushanbe
  • Зарурати суръат ёфтани аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Нахуствазири Қирғизистон аз таъкиди мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва зарурати суръат ёфтани аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар дар хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Қирғизистон (kyrtag.kg ), Сооронбой Ҷэнбеков пас аз бозгашт аз сафари ахираш ба Тоҷикистон, барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви тарҳи КАСА - 1000 гуфтааст, ки дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мавзӯи тасреъ дар раванди аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки Комиссияи муштараки масоили марзии ду кишвар ба зуддӣ музокироти худро барои аломатгузории бахшҳои дигаре аз манотиқи мавриди ихтилофи Душанбе - Бишкек оғоз хоҳад кард.

Нахуствазири Қирғизистон ибрози умедворӣ кардааст, ки бо талошҳои ин комиссия, то поёни имсол мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Ботканд ва Суғд ҳалу фасл хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Аз сӯи дигар бархе мақомҳои давлатӣ дар вилояти суғд бар ин боваранд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо муовизаи замин дар манотиқи марзӣ, чанд рустои тоҷикнишин ва қирғизнишинро аз ҳолати муҳосира хориҷ кунанд ва ба ихтилофи сокинони ин рустоҳо бар сарироҳҳои иртиботӣ поён диҳанд.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандум ва орди мавриди ниёзи хешро аз Қазоқистон тавассути роҳи заминии Қирғизистон вориди мекунад ва ҳали ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе, аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор мебошад.

 

Барчасп