Июл 10, 2017 10:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз ҳузури сокинони шимоли Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ

Мақомоти ноҳияи Спитамен дар вилояти Суғд аз идомаи ҳузури сокинони ин минтақа дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Азия Плюс, мақомоти ҳукуматӣ, амниятӣ ва интизомии ин ноҳия ахиран дар нишасте бо намояндагони мардуми ин минтақа, мавзӯи ҳузури ҷавонони ин ноҳия дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар ин дидор Илҳом Саидзода, Шамсиддин Зуҳурзода ва Қобилҷон Мақсудов, раисони ноҳия ва идороти пулис ва амнияти миллии ноҳияи Спитамен аз мардум дархост кардаанд, ки барои шиносоӣ ва бозгардондани сокинони ин минтақа аз Сурия ва Ироқ бо ниҳодҳои амниятӣ ва интизоми ҳамкорӣ кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти вилояти Суғд теъдоди сокинони шимоли Тоҷикистон дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Покистонро беш аз 440 нафар унвон мекунанд. Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд, дар ибтидои соли ҷорӣ гуфта буд, ки аз ин теъдод 322 нафар дар ҷанги Сурия алайҳи давлати ин кишвар меҷанганд, ки 39 нафар аз онон ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Сурия рафтаанд. Раиси вилояти Суғд гуфт, дар ҷангҳои Афғонистон низ 51 аз аҳолии ин минтақа ва дар даргириҳои Покистон 73 нафар аз сокинони Суғд мушорикат доранд.

Мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин, аз ҳузури беш аз ҳазор ҷангҷӯи тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар қолаби гурӯҳҳои террористӣ монанди ДИИШ  хабар дода буданд, ки 350 нафар аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.