Июл 10, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъияти фақр дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ бори дигар аз раванди афзоиши омори камбизоатон дар Тоҷикстон аз соли 2014-и мелодӣ то кунун хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Бонки ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, акнун 13 дарсад аз ҷамъияти беш аз ҳашт миллионнафарии Тоҷикистон дар фақри шадид ба сар мебаранд.

Асосан гузоришҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ бар асоси гузоришҳои расмии мунташиршуда тавассути давлатҳо бо андаке пешбиниҳо дар ин иртибот мунташир мешавад.

Дар иртибот бо гузориши ахир низ бояд гуфт, Бонки ҷаҳонӣ бо истинод ба оморҳои расмӣ дар бораи вазъияти иқтисодии Тоҷикистон гузориш мунташир кардааст.

Дар ҳоле ки оморҳои ғайрирасмӣ омори камбизоатон дар Тоҷикистонро бисёр бештар эълом мекунанд. Ба унвони мисол, дар охирин гузориши расмии Созмони милал, ки дар моҳи октябри соли 2015-и мелодӣ мунташир шуд, аз раванди афзоиши фақр дар Тоҷикистон интиқод шудааст.

 Дар ҳамин иртибот, Александр Зуев, ҳамоҳангкунандаи барномаҳои Созмони милал дар Тоҷикистон аз вазъияти фақр дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи Александр Зуев, аз соли 2005-и мелодӣ мизони фақр дар Тоҷикистон аз 82 дарсад ба 34 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ин омор ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст. Ба гуфта вай, дар як даҳаи гузашта бо вуҷуди иқдомоти мухталиф барои дастрасии мардум ба оби ошомидании тоза ва манобеи энержӣ, ҳанӯз ҳам бархе манотиқи рустоии Тоҷикистон дар фасли сармо 2 то 3 соат дар шубонарӯз барқ доранд, ки ин мавзӯъ баёнгари ақиб будани Тоҷикистон аз барномаи “Рушди пойдор дар ҳазораи ҷадид” аст.

Ногуфта намонад, ки мардуми Тоҷикистон монанди дигар шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ба манзури касби даромад ва таъмини ниёзҳои молӣ ва маишатии худ ва хонаводаашон маъмулан ба Русия муҳоҷират мекунанд. Оморҳои мунташиршуда тавассути ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳар сол наздик ба якуним миллион нафар аз тоҷикҳои ҷуёи кор ба хориҷ аз кишвар, ба вижа ба Русия муҳоҷират мекунанд.

Дар воқеъ метавон гуфт, бахши аъзами ниёзҳои молии мардуми Тоҷикистон аз тариқи кору фаъолият дар Русия таъмин мешавад. Бо вуҷуди ин, таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия ва талошҳои Ғарб, ба вижа Амрико барои сусту заиф кардани иқтисоди ин кишвар бештар аз он ки бар иқтисоди Русия таъсири манфӣ барҷой бигузорад, иқтисоди ҷумҳуриҳои атрофи ин кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳти таъсири манфӣ қарор додааст.

Афзоиши қимати анвои маводи ғизоӣ дар бозорҳои масрафи Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар, ба хусус қишри осебпазир фишор ворид кард.

Афзоиши қиматҳо дар Тоҷикистон танҳо ба маводи ғизоӣ маҳдуд нашуда ва баҳои таҷҳизоти роёнаӣ, либос, кафш, дору ва ҳазинаҳои ҳамлу нақл низ мутаносиб бо афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ (воҳиди пули миллии Тоҷикистон), боло рафта ва раванди рӯ ба афзоиш дошта аст. Пеш аз ин, дар моҳи декабри соли 2014 –и мелодӣ коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ карда буданд, ки коҳиши даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, муҷиби афзоиши фақр дар ин кишвар хоҳад шуд. Ирсоли чандин миллиард доллар аз Русия ба Тоҷикистон тайи солҳои 2013 ва 2014-и мелодӣ омили муҳиме дар раванди коҳиши фақр, рушди муомилоти бозори дохилӣ ва воридоти коло ва маҳсулот ба ин кишвар будааст.

 Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҷории молии давлати Душанбе ва иқтисоди номуносиби Тоҷикистон, ба вижа дар заминаи тавлид, коршиносон ояндаи нигаронкунандае барои ин кишвар пешбинӣ мекунанд. Нигарониҳо дар бораи ояндаи Тоҷикистон замоне ташдид мешавад, ки ба ҷамъияти ҷавонони ин кишвар нигоҳ шавад. Дар воқеъ, гузориши марокизи давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки 50 дарсад аз ҷамъияти ин кишвари Осиёи марказиро ҷавонони зери 18 сол ташкил медиҳанд. Ин ҷамъияти чашмгир, ки ҳамагӣ ҷуёи кор ҳастанд, имкони онро доранд, ки тағйироти иҷтимоӣ ва сиёсии ояндаи Тоҷикистонро дар ҷиҳати тавлид ва корофарини ҷавонон дигаргун созанд.