Аз саргирии парвозҳои “ТоҷикЭйр” ба вилояти Бадахшон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19858-Аз_саргирии_парвозҳои_ТоҷикЭйр_ба_вилояти_Бадахшон
Мудири ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” эълом кард, парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз рӯзи ҳафтуми июли соли ҷорӣ аз сар гирифта шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 11, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии парвозҳои “ТоҷикЭйр” ба вилояти Бадахшон

Мудири ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” эълом кард, парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз рӯзи ҳафтуми июли соли ҷорӣ аз сар гирифта шудааст.

Ба нақл аз Toptj, Хайрулллҳ Раҳимов, мудири ширкати “ТоҷикЭйр” гуфт, парвози ҳавопаймоҳо дар ин масири печидаи кӯҳистонӣ, ки аз тирамоҳи соли қабл қатъ шуда буд, аз рӯзи 7 июли соли ҷорӣ аз сар гирифта шуд.

Вай бо ишора ба баста шудани роҳи Душанбе ба Хоруғ бар асари сел ва резиши кӯҳ гуфт, дар сурати ниёз ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” метавонад ба ҷой як парвоз дар ин масир рӯзона 3 парвоз анҷом диҳад.

Нархи билет дар ин масир барои як тараф ва ҳар мусофир 680 сомонӣ муқаррар шуда ва муддати парвоз 1 соату 15 дақиқа аст.

Масири ҳавоии Душанбе ба Хоруғ аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд.

Мудири ширкати “ТоҷикЭйр” иллати қатъи парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғро мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои “Антонов 28” унвон кард, ки ниёз ба таъмири асосӣ доштааст.

Шаҳри Хоруғи Тоҷикистон дар иртифои ду ҳазору 200 метри сатҳ дарё воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳистонҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа танҳо ҳавопаймоҳои “Як 40” ва “Антонов 28” метавонанд ба ин минтақа парвоз кунанд, чун ҳавопаймоҳои “Боинг” тавони парвоз ба ин минтақаи кӯҳистониро надорад.

Ҳамакнун сокинони вилояти Бадахшон барои расидан ба ин минтақа ночоранд, ба сурати заминӣ ва дар муддати як рӯз ин масири кӯҳистонии тӯлониро бипаймоянд.