Июл 12, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 50 миллиондолларии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бо ихтисоси кӯмаки 50 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои тақвияти зерсохтҳои ин кишвар дар баробари осебҳои табиӣ мувофиқат кард.

Ба гузориши сайти Бонки ҷаҳонӣ, ин кӯмаки молӣ барои тақвияти тавони зерсохтҳои Тоҷикистон дар баробари сел, зилзила, рониши замин ва дигар ҳаводиси табиӣ равона хоҳад шуд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ аст, ки аз назари заминшиносӣ ва сохтори печидаи зистмуҳитӣ дар баробари ҳодисаҳои табиӣ ба шиддат осебпазир аст ва тазъифи зерсохтҳои ин кишвар муҷиби ворид шудани хисороти фаровон ба иқтисоди ин ҷумҳурӣ мешавад.

Ин гузориш меафзояд, ин дар ҳолест, ки бахши умдаи роҳҳои иртиботӣ, пулҳо, садҳо ва шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзии ин кишвар дар даврони Шӯравӣ сохта шудааст ва ниёз ба сармоягузорӣ ва бозсозӣ дорад.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки дар солҳои 1992 то 2016 ҳаводиси табиӣ наздик ба як миллиарду 800 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон хисорат ворид кардааст.

 

Барчасп