Июл 12, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Дастнахурда мондани конҳои тиллои вогузоршуда ба ширкати алюминийи тоҷик

Раиси Саридораи Геологияи тоҷик аз фаъол нашудани конҳои тиллои вогузоршуда ба ихтиёри ширкати алюминийи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Мурод Ҷумъазода дар нишасти хабарии ин идора дар Душанбе гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 ба манзури кӯмак ба хуруҷи корхонаи алюминий аз буҳрони молӣ, афзун бар имтиёз дар пардохти молиёт, истихроҷи тилло аз 3 кони маъдан дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба муддати 25 сол ба ин ширкат вогузор кард.

Вай афзуд, бо ин ҳол корхонаи алюминийи Тоҷикистон то кунун истихроҷи тилло аз ин конҳоро оғоз накардааст.

Бар асоси бароварди аввалияи Саридораи Геологияи тоҷик ин конҳо 32 тон захират тилло ва 14 тон нуқра доранд.

Аз сӯйи дигар, Игор Сатторов, сухангӯи корхонаи алюминийи Тоҷикистон гуфтааст, ки барои оғози истихроҷи тилло аз 3 кони тиллои вогузоршуда ба ин ширкат дар пайи ёфтани шарикони хориҷӣ ба унвони сармоягузор аст.