Июл 12, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши ройгони фарзандони шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ дар Эрон

Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон эълом кард, бо фармони Раҳбари муаззами инқилоб дар солҳои 2015 ва 2016 беш аз 80 ҳазор нафар донишомӯзон ва фарзандони шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ дар Эрон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Аҳмади Муҳаммадифар, мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон сешанбешаб дар нишасте бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон дар Машҳад гуфт, имрӯз ҳамаи фарзандони паноҳандагон ва муҳоҷирони қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар Эрон аз имкони таҳсили ройгон дар ин кишвар баҳраманд ҳастанд.

Аҳмади Муҳаммадифар афзуд, пеш аз ин ҳам 330 ҳазор донишомӯзи муҳоҷир ва паноҳандаи қонунӣ дар мадрасаҳои Эрон ва дар канори донишомӯзони эронӣ машғул ба таҳсил буданд.

 Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон гуфт, дар ду соле ки фарзандони шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои эронӣ пазириш шудаанд, бар ивази ҳар 30 донишомӯз як синфи дарсӣ ташкил шудааст.  

Ин мақоми эронӣ гуфт, афзуда шудани ин гурӯҳ аз шаҳрвандони ғайриқонунӣ ба зарфияти омӯзишии Эрон, ниёз ба 250 мадраса дорад, ки дар соли 2016 бо кӯмаки Созмони милал 30 мадраса дар ин кишвар сохта шуд, аммо ҳанӯз ба 220 мадрасаи дигар ниёз аст.

 Муҳаммадифар бо баёни ин ки чаҳор дарсад аз ҷамъияти Эронро муҳоҷирон ташкил медиҳанд гуфт, бар асоси омори Созмони милал, Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳорумин кишвари муҳоҷирпазири дунёст ва 11 дарсади ҷамъияти афғонҳо дар Эрон ҳузур доранд.

 

Барчасп