Июл 12, 2017 15:14 Asia/Dushanbe
  •  Сафари нахустин ҳайати бозаргонии Амрико ба Тоҷикистон

Нахустин ҳайати намояндагони бахшҳои бозаргонии Амрико имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин сафар бо ибтикори Шӯрои бозаргонии Амрико ва Тоҷикистон тадорук дида шудааст ва то 15-уми июл тӯл мекашад.

Дар ин муддат ҳайати амрикоӣ бо мақомоти аршад давлатӣ, намояндагони сохторҳои байналмилалии молӣ ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Яке дигар аз барномаҳои сафари ҳайати амрикоӣ ба Душанбе баргузории ҳамоиши фаъолони бозаргонӣ ва иқтисодии ду кишвар дар рӯзи 14-уми июл хоҳад буд.

Бо вуҷуди гузашти 25 сол аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Вашингтон-Душанбе, равобити Амрико бо Тоҷикистон то ба ҳол бештар ҷанбаи сиёсӣ ва амниятӣ доштааст ва ин бар хилофи равобите аст, ки кишварҳое назири Русия, Эрон ва Чин бо Тоҷикистон доранд.

 

 

Барчасп