Афзоиши муроҷиаи беморони хориҷӣ ба ҷарроҳони тоҷик
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, тамоюли беморони хориҷӣ барои амали ҷарроҳӣ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Насим Олимзода дар нишасти матбуотии нимаи аввали имсол гуфт: Дар нимаи аввали имсол беш аз 30 шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба пизишкони тоҷик барои анҷоми амали ҳароҷӣ муроҷиа карданд.
Вай афзуд: Дар моҳ июн ҳам барои аввалин бор дар таърихи пизишкии Осиёи Марказӣ ду амал ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бо муваффақият анҷом шуд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон тасреҳ кард: Яке аз далоили таваҷҷуҳ ва тамоюли зиёди беморони хориҷӣ ба пизишкони тоҷик маоши поини онон аст.
Олимзода ҳамчунин гуфт, пизишкони тоҷик дар маҷмуъ 306 амали пайванди гурда ва 19 амали ҷарроҳии ҷигар анҷом доданд, ки 36 амали пайванди гурда ва ду амали ҷарроҳии ҷигар дар нимаи аввали имсол анҷом шудааст.